Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи «Коррупсия»-и Раёсати мубориза бар зидди коррупсияи шаҳри Душанбе барандаи “Ҷоми шаҳрдорӣ” оид ба футболи хурд гардид.

Мусобиқа барои “Ҷоми шаҳрдорӣ” оид ба футболи хурд бо пирӯзии дастаи «Коррупсия»-и Раёсати мубориза бар зидди коррупсияи шаҳри Душанбе ба анҷом расид.

Ин мусобиқа бо ширкати 14 даста дар майдончаи варзишии шаҳраки Майяковскии ноҳияи Синои Душанбе тӯли як моҳ идома кард. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳкамбой Гулов, мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, рӯзи 17 июн хабар дод.

Ба иттилои ҷаноби Гулов, дастаи «Коррупсия» дар бозии ниҳоӣ бар тими “ҲХДТ” (Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон) бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуд. Барои ҷойи сеюм дастаи «Молия»-и Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе бар тими «Тоҷиксодиротбонк» бо ҳисоби 7-5 ғолиб омад.

Дар расми пӯшидашавии мусобиқа Парвиз Собиров, муовини сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, иброз дошт, ки мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим буда, он имкон медиҳад эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии ҷавонон боло бигирад.

Дар ин маросим Саидмурод Фаттоҳзода, муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, таъкид намуд, ки чунин иқдомҳои наҷиб боиси дастгирӣ буда, баҳри рушди варзиш, таҳкими дӯстиву рафоқат миёни муассисаҳои шаҳр шароиту фазои мусоид фароҳам меорад.

Инчунин Ҷамшед Гулмуҳаммадзода, сардори Раёсати назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи шаҳри Душанбе, изҳор дошт, ки чорабинии мазкур натиҷаи таваҷҷуҳи шаҳрдорӣ ба варзиш буда, он имкон дод кормандони идораву муассисаҳои шаҳр лаёқату маҳорати варзишии худро бори дигар бисанҷанд.

Дар фарҷом ба дастаи ғолиб ва тимҳое, ки ҷойҳои дуюму сеюмро гирифтанд, инчунин беҳтарин бозигар, дарвозабон, ҳимоятгар, нимҳимоятгар, ҳамлагар ва нишонзан тӯҳфаҳою ифтихорномаҳои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе тақдим гардид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG