Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯҳсин Муҳаммадиев: Аз бозии шогирдони худ норозиям


Мӯҳсин Муҳаммадиев
Мӯҳсин Муҳаммадиев

​Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, баъди бозӣ бо тими миллии Бангладеш (1-1) аз бозии футболбозони худ изҳори норозигӣ кард.

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Мӯҳсин Муҳаммадиев баъди бозии даври дуюми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” бо тими миллии Бангладеш, ки бо ҳисоби 1-1 ба анҷом расид, аз бозии футболбозони худ, инчунин аз баъзе тасмимҳои сардовар изҳори норозигӣ кард.

Вай дар як нишасти хабарӣ, ки пас аз анҷоми бозӣ рӯзи 16 июн дар Дакка баргузор шуд, чунин гуфт: “Довар тамоми бозиро расво кард. Гол ба дарвозаи мо баъди ҷарима, ки беасос буд, зада шуд. Ду бозигари рақиб бо оринҷи даст ба чашми Аҳтам Назаров мезананд, вале сардовар ба ин аҳамият намедиҳад. Вале дар мавриди ночизтаринвайрон кардани қоида, ба бозигари мо корти сурх нишон медиҳад. Ин дар футбол номумкин аст. Бар замми ин ба намояндагони Федератсияи футболи Бангладеш зарур буд, ки масъалаҳои ташкилиро хубтар ҳал намоянд. Мо то тамрингоҳ дуним соат роҳро тай кардем ва ҳамин қадар вақт барои бозгашт ба меҳмонхона сарф шуд. Дар ягон ҷой дар ҷаҳон чунин муносибат нест.

Дар бораи рақиб бошад, ҳаминро гуфтаниам, ки мунтахаби Бангладеш хоҳиши зиёд дошт. Вале агар сардовар имрӯз ду бозигари моро аз майдон намеронд, мо бозиро бой намедодем. Мо вазъиятҳои хеле бисёри голзанӣ доштем, вале аз онҳо истифода карда натавонистем. Дар ду-се ҳолат бозигарони мо аз масофаи се метр тӯбро ба ҳадаф расонида натавонистанд. Ва агар мо имрӯз бой медодем, ноҳаққӣ мешуд”.

- Оё Шумо аз бозии имрӯзаи дастаатон қаноатмандед?

- Чӣ гуна ман метавонам қаноатманд бошам, ки мо пирӯз нашудем? Бозӣ ба ман маъқул нашуд.

- Пас сабаби натиҷаи ғайриқаноатбахш бароятон дар чист?

- Мо дар фурудгоҳи Дубай, ки ба ин ҷо меомадем, вақти бисёр гузарондем. Қариб ки хоб накардаем. Ин дар футбол омили бузург аст. Бинобар ин дар қисми аввали бозӣ бозигаронамон хуб давида наметавонистанд. Бар замми ин дар ин ҷо намнокӣ хеле зиёд аст. Вале ман фикр мекунам вақте ки Бангладеш баДушанбе меояд, дар он ҷо кор тамоман ранги дигар мегирад.

- Шумо аз рақибатон чунин чобукиро интизор будед?

- Мо ба бозӣ омодагӣ дидем, бозиҳои Бангладешро тамошо кардем, яъне рақиб маълум буд. Мо медонистем, ки дар ҳолатҳои маъмулӣ хавфнок аст, вале мо имрӯз бартарӣ доштем, ҳатто замоне ки даҳ нафар бозӣ кардем. Тавонистем ҳисобро баробар намоем, ҳатто метавонистем боз гол занем. Ва чунин меҳисобам, ки кори мунтахаби Бангладеш имрӯз омад кард.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар даври дуюми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” бозиро бо тими миллии Бангладеш бо ҳисоби мусовии 1-1 анҷом дод. Ин бозӣ дар шаҳри Дакка бегоҳи сешанбеи 16 июн ба анҷом расид. Голи бангладешиҳоро Ҷаҳид Ҳасан дар дақиқаи 50-ум ва голи дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 88-ум ба ҳадаф расонданд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ муқобили Бангладеш чунин буд: 1. Алишер Тӯйчиев, 6. Сиёвуш Асроров, 19. Аҳтам Назаров (Соҳиб Саванкулов, 90), 20. Ҷаҳонгир Ҷалилов, 2. Далерҷон Тухтасунов, 9. Нуриддин Давронов, 10. Хуршед Маҳмудов (Фарҳод Тоҳиров, 58), 18. Фатҳулло Фатҳуллоев, 8. Умедҷон Шарифов (Аҳтам Ҳамроқулов, 46). 17. Дилшод Восиев (капитан), 21. Манучеҳр Ҷалилов.

Сардовар: Мин Ху (Кореяи Ҷанубӣ).

Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, ба бозӣ муқобили Бангладеш ба ҳайати даста 21 бозигарро шомил карда буд. Вале ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, се ҳимоятгари асосии дастаи мунтахаби кишвар - Давронҷон Эргашев, Фарҳод Восиев ва Эраҷ Раҷабов бо сабабҳои мухталиф ба Дакка нарафтанд. Эргашев ва Раҷабов дар бозӣ бо мунтахаби Урдун (1:3) ҷароҳат бардоштаанд, Восиев бошад, ба бошгоҳи худ – «Газовик»-и Оренбурги Русия баргаштааст.

Дар бозии дигари гурӯҳи “В” дастаи мунтахаби Қирғизистон дар майдони худ аз тими миллии Австралия, қаҳрамони феълии Осиё, бо ҳисоби 1-2 мағлуб гашт.

Ба ин тартиб, дар гурӯҳи “В” се даста – Урдун, Австралия ва Қирғизистон сеимтиёзӣ, Бангладеш ва Тоҷикистон якимтиёзӣ доранд.

Мунтахаби Тоҷикистон бозии навбатиро рӯзи 8-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими миллии Австралия анҷом медиҳад.

Натоиҷи бозиҳои даври дуюми сабқати интихобии гурӯҳии Ҷоми Ҷаҳон – 2018 дар қораи Осиё:

Гурӯҳи A: Тимори Шарқӣ - Имороти Муттаҳидаи Араб - 0-1, Maлайзия – Фаластин - 0-6
Гурӯҳи B: Бангладеш – Tоҷикистон - 1-1, Қирғизистон– Австралия - 1-2
Гурӯҳи C: Бутан – Чин - 0-6, Ҳонконг – Mолдив - 2-0
Гурӯҳи D: Гуам – Ҳиндустон - 2-1, Tуркманистон – Эрон - 1-1
Гурӯҳи E: Ҷопон – Сингапур - 0-0, Камбоҷа - Афғонистон - 0-1
Гурӯҳи F: Тайван – Tайланд - 0-2
Гурӯҳи G: Mянмар - Kореяи ҷанубӣ - 0-2, Лаос - Лубнон - 0-2
Гурӯҳи H: Кореяи шимолӣ - Узбакистон - 4-2, Яман - Филиппин - 0-2

Тақвими бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2018 дар гурӯҳи «В»:

Даври 1-ум

11 июн (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Урдун – 1-3

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 2-юм

16 июн (сешанбе)

Бангладеш – Тоҷикистон – 1-1

Даври 4-ум

8 сентябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Австралия. Соати 18:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 5-ум

8 октябр (панҷшанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Даври 6-ум

13 октябр (сешанбе)

Урдун– Тоҷикистон

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Бангладеш. Соати 17:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 9-ум

24 марти соли 2016 (панҷшанбе)

Австралия – Тоҷикистон

Даври 10-ум

29 марти соли 2016 (сешанбе)

Тоҷикистон – Қирғизистон. Соати 18:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

XS
SM
MD
LG