Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амри Путин барои додани сабукиҳо ба муҳоҷирони қирғиз


Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба ФМС – Хадамоти федеролии муҳоҷират – дастур додааст, то созишнома дар бораи сабук кардани шароити муҳоҷират бо Қирғизистонро имзо кунад. Муҳоҷирон аз Қирғизистон, ки тоза ба узвияти Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё пайваст, дар Русия айни имтиёзҳои муҳоҷирон аз кишварҳои дигари узви ин созмон – Беларус, Қазоқистон ва Арманистонро ба даст хоҳанд овард. Тибқи тарҳизи созишнома, шаҳрвандони Қирғизистон метавонанд то 30 рӯз бидуни сабти ном дар қаламрави Русия зиндагӣ кунанд. Ин 30 рӯз аз лаҳзае, ки мӯҳри марзбонҳои Русия ба шиносномаи муҳоҷир зада мешавад, ҳисоб карда хоҳад шуд. Шаҳрвандони Тоҷикистон, тибқи як созишномаи соли 2013 имзошуда, ҳамагӣ 15 рӯз ҳаққи будубоши бидуни сабти ном дар Русияро доранд. Тоҷикистон ва Қирғизистон аз кишварҳои умдаи муҳоҷирфирист дар Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд. Аксари муҳоҷирон аз ин ду кишвар барои кор ба Русия мераванд.

XS
SM
MD
LG