Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди кумиссари Созмони Милал аз як қонуни Тоҷикистон


Зайд Раъд Ал-Ҳусейн

Зайд Раъд Ал-Ҳусейн

Кумиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи башар аз қонуни нави созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон интиқод кард ва гуфт, ки он боиси маҳдуд гаштани озодиҳои демократӣ хоҳад шуд.

Зайд Раъд ал-Ҳусейн, кумиссари олии Созмони Милал дар умури ҳуқуқи башар рӯзи 15 июн дар иҷлосияи 29-уми Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева аз қонуни нави созмонҳои ғайридавлатӣ дар Русия ва тарҳи чунин қонунҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон ва Қирғизистон изҳори нигаронӣ кардааст.

Бино ба гузориши сомонаи расмии СММ, Зайд ал-Ҳусейн маҳдуд кардани фаъолияти созмонҳоеро, ки аз хориҷа пул мегиранд, маҳдуд кардани озодиҳои демократӣ унвон кардааст. "Агар чунин қонунҳо қабул шаванд, ин боиси боз ҳам маҳдуд шудани озодиҳои демократӣ хоҳад шуд," -- гуфтааст ӯ.

Кумиссари олии СММ аз қонуни Русия башиддат интиқод кард ва гуфт, он метавонад ба гунаи мухталиф тафсир шуда, барои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахусус ҳомиёни ҳуқуқи инсон оқибатҳои ногуворе ба бор биорад. Зайд Ал-Ҳусейн ҳамчунин аз тӯл кашидани замони боздоштҳо дар Озарбойҷон изҳори ташвиш кард ва гуфт, "ман аз мақомот даъват мекунад, ки ба далоили башарӣ онҳоеро, ки мушкили саломатӣ доранд, озод карда, онҳоеро, ки танҳо ба хотири талаби ҳуқуқи худ аз одомӣ маҳрум шудаанд, афв ва ё иттиҳомоташонро бекор кунанд."

Порлумони Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта тарҳи нави қонун дар бораи созмонҳои ғайридавлатиро тасвиб кард. Ин қонун, ки мояи интиқодҳои зиёд аз сӯи намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ шудааст, баъди имзо шуданаш аз сӯи раисиҷумҳур ба иҷро медарояд.

Яке аз дигаргуниҳои муҳими ин қонун ҳатмӣ шудани гузориши созмонҳои ҷамъиятӣ пиромуни фаъолиятҳои молиявии онҳост. Бино ба тағйири банди 24-и қонун, аз ин ба баъд созмонҳои ғайридавлатӣ танҳо дар ҳолате ёриҳои хориҷиро гирифта метавонанд, ки агар сарчашмаи ин пул ё моликият ошкор ва ҳуҷҷатӣ шуда бошад.

Ба банди 34 ин нукта илова шуд, ки тартиби тафтиши фаъолияти оинномавии ин созмонҳоро Вазорати адлияи Тоҷикистон муайян мекунад ва бо як иловаи дигар ба банди 38 қарор шуда, ки ёриҳои молии хориҷӣ ба созмонҳои ҷамъиятӣ аз тарафи ниҳоде, ки онҳоро сабти ном кардааст, яъне Вазорати адлия, назорат карда мешавад.

Намояндагони созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон аз он нигароннад, ки талаби додани маълумотнома ба Вазорати адлия дар бораи кӯмакҳои молии хориҷӣ дар ҳоле ки ҳамаи ин кӯмакҳо ба воситаи бонкҳо интиқол ва дар ҳисоботи молии онҳо бозтоб меёбанд, талоши дигар ба маҳдуд кардани фаъолияти онҳост.

Аммо ташаббускори ин тағйир -- Вазорати адлияи Тоҷикистон ин гумонҳои созмонҳои ҷамъиятиро беасос меномад ва мегӯяд, ҳадаф таъмини шаффофияти кори ин созмонҳо ва ҷилавгирӣ аз истифодаи маблағҳои хориҷӣ барои корҳои машкук аст.

Рӯзи 11 июн вазъи ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар Брюссел дар Муколамаи солонаи Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқи инсон низ баррасӣ шуд. Дар он нишаст мақомоти аврупоӣ дар баробари изҳори нигаронӣ аз чигуна баргузор шудани интихоботи парлумонии 1 март дар Тоҷикистон, масдуд кардани сомонаҳои интернетӣ ва танг кардани озодии дин дар ин кишвари Осиёи Марказӣаз маҳдудиятҳо дар роҳи фаъолияти ҷомиаи шаҳрвандӣ низ интиқод карданд.

Рӯзи 16 июн дар Вашингтон Машваратҳои сиёсии Амрикову Тоҷикистон баргузор мешаванд, ки ғолибан дар чорчӯби он низ вазъи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар, аз ҷумла тарҳи нави қонуни созмонҳои ғайридавлатӣ баҳс хоҳад шуд. Ин даври панҷуми ин машваратҳост ва ҳайати Тоҷикистон ба раҳбарии вазири хориҷа Сироҷиддин Аслов феълан дар Вошингтон қарор дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG