Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии Бангладеш - Тоҷикистон бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт


Бозии тими мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи миллии Бангладеш бо ҳисоби 1:1 поён ёфт. Голи аввалро мизбонҳо дар дақиқаи 50-ум ва голи дувумро футболбозони тоҷик дар дақиқаи 88-ум ба ҳадаф расонданд.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар даври дуюми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи "В" бозиро бо тими миллии Бангладеш бо ҳисоби мусовии 1-1 анҷом дод.

Ин бозӣ бегоҳи сешанбеи 16 июн ба анҷом расид. Голи бангладешиҳоро Ҷаҳид Ҳасан дар дақиқаи 50-ум ва голи дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 88-ум ба ҳадаф расонданд.

Ҳайатҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ муқобили Бангладеш чунин буд: 1. Алишер Тӯйчиев, 6. Сиёвуш Асроров, 19. Аҳтам Назаров (Соҳиб Саванкулов, 90), 20. Ҷаҳонгир Ҷалилов, 2. Далерҷон Тухтасунов, 9. Нуриддин Давронов, 10. Хуршед Маҳмудов (Фарҳод Тоҳиров, 58), 18. Фатҳулло Фатҳуллоев, 8. Умедҷон Шарифов (Аҳтам Ҳамроқулов, 46). 17. Дилшод Восиев (капитан), 21. Манучеҳр Ҷалилов.

Сардовар: Мин Ху (Кореяи Ҷанубӣ).

Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, ба бозӣ муқобили Бангладеш ба ҳайати даста 21 бозигарро шомил карда буд. Вале ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, се ҳимоятгари асосии дастаи мунтахаби кишвар - Давронҷон Эргашев, Фарҳод Восиев ва Эраҷ Раҷабов бо сабабҳои мухталиф ба Дакка нарафтанд. Эргашев ва Раҷабов дар бозӣ бо мунтахаби Урдун (1:3) ҷароҳат бардоштаанд, Восиев бошад, ба бошгоҳи худ – «Газовик»-и Оренбурги Русия баргаштааст.

Дар бозии дигари гурӯҳи “В” дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Австралия рақобат мекунанд.

Мунтахаби Тоҷикистон бозии навбатиро рӯзи 8-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими миллии Австралия анҷом медиҳад.

XS
SM
MD
LG