Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷонибдории Арманистон аз узвияти Қирғизистон


Порламони Арманистон дар ҷаласаи ғайринавбатии худ рӯзи сешанбе ба ҷонибдорӣ аз узвияти Қирғизистон дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё рай дод. Пртокол дар бораи пайвастани Қирғизистон ба ин созмонро 91 намоянда ҷонибдорӣ карданд. Танҳо 4 нафар бар зидди ин протокол рай доданд.

Қарордод дар бораи ташкили Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро29 маи соли 2014 раҳбарони Русияву Қазоқистон ва Беларус дар Остона-пойтахти Қазоқистон имзо карданд.

Қирғизистон 23 декабри соли 2014 ба ин созмон ҳамроҳ шуд. Протоколи узвиятро ҳамаи кишварҳои узв бояд дар порламонҳои худ ба тасвиб расонанд.

XS
SM
MD
LG