Пайвандҳои дастрасӣ

Дар остонаи моҳи шарифи Рамазон, ки имсол 18 июн оғоз хоҳад шуд, дар бозори "Панҷшанбе"-и Хуҷанд ярмаркаи фурӯши маводи ғизоиро бо нархи арзонтар аз бозор ба роҳ мондаанд. Барои мисол, дар ин ярмарка як халта орди навъи якум - 145 сомонӣ, як кило шакар - 4.8 сомонӣ, як кило биринҷи покистонӣ - 4.2 сомонӣ ва 1 кило нахуд - 3.5 сомонӣ нарх дорад. Дар ҳоле ки қимати аслии як халта орди навъи якум дар бозор ба 160 -165 сомонӣ ва як кило биринҷ ба 7-8 сомонӣ баробар аст. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон эълон кард, ки имсол моҳи шарифи Рамазон субҳи 18 июн фаро мерасад ва ин ниҳоди содиркунандаи фатво аз тоҷирон ҳам даъват кард, аз боло бурдани қимати маводи ғизоӣ худдорӣ кунанд. Ҳар сол дар моҳи Рамазон дар Тоҷикистон нархи маҳсулоти ғизоӣ дар муқоиса ба моҳҳои дигар гаронтар шуда, боис ба норозигии сокинон мегардад. Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе низ хостааст, дар ин моҳ ба сокинон бо нархҳои арзонтар аз бозор маводи ғизоӣ пешниҳод шавад.

XS
SM
MD
LG