Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарордод бо Теҳронро аввал Конгресс баррасӣ мекунад


Зоҳиран ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ барои аз миён бардоштани таҳримҳои зидди Эрон як моҳ ба таъхир меафтад. Як мақоми расмӣ 15 июн гуфт, сабаб он аст, ки бояд аввал ба Конгресси Амрико фурсат дода шавад, то дар ин бора тасмим бигирад.

Мақомоти ғарбӣ мегӯянд, ин таъхир зарурати сисёсист, зеро ҷумҳурихоҳон дар Конгресс бахше аз ин қарордодро, ки шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Теҳрон таҳия кардаанд, ба чолиш кашидаанд ва мехоҳанд дар ин бора изҳори назар кунанд.

Ба назар мерасад, ки Эрон ин таъхирро бемайлона қабул кардааст. Як мақоми баландпояи Эрон ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки “эҳтимолан роҳи дигаре вуҷуд надоштааст. Мо аз ин хушҳол ҳастем? Албатта, не”.

Моҳи гузашта Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико қонунеро ба имзо расонд ва он ба Конгресс як моҳ вақт медиҳад, то ин қарордод баррасӣ шавад. Сипас Обама метавонад таҳримҳоро бардорад.

XS
SM
MD
LG