Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шахси дуввуми Ал Қоида дар Яман кушта шуд


Носир Вуҳайшӣ
Носир Вуҳайшӣ

Раҳбари шабакаи Ал Қоида дар нимҷазираи арабӣ дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар Яман кушта шудааст. Дар ин бора Холид Батарфӣ-узви боломақоми Ал Қоида да Яман хабар дод. Батарфӣ 16 июн дар изҳороте гуфтааст, ки дар ҳамлаи бесарнишини Амрико як ҷо бо Вуҳайшӣ ду нафари дигар ҳам кушта шудаанд.

Ба гуфтаи Батарфӣ, шабакаи Ал Қоида дар нимҷазираи арабӣ бо ҳам мулоқот ва ба ҷои Вуҳайшӣ шахсеро бо номи Қосим Раймӣ раҳбари худ интихоб кардааст.

Ал Қоида дар нимҷазираи арабӣ яке аз бахшҳои хатарноки ин шабака ба шумор меравад.

Телевизиони CNN аз қавли ду корманди расмии амнияти миллии Яман гуфт, Носир Вуҳайшӣ, ки замоне бо Усома Бин Лоден-раҳбари шабакаи Ал Қоида дӯстии наздик дошт, 12 июн дар минтақае бо номи Ҳадрамоут кушта шудааст.

Шабакаи Ал Қоида дар ин бора тавзеҳот надодааст, бо вуҷуди ин ки матбуоти Яман дар ин бора хабар чоп кард ва худи ин гурӯҳ дар Твиттер мухтасар хабар дод.

Вуҳайшӣ баъд аз Аймон аз-Завоҳирӣ дар шабакаи Ал Қоида шахси дуввум ба шумор мерафт. Як мақоми расмии кашфи Амрико ба рӯзномаи “Washington Post” гуфтааст, ки ҳавопаймои бесарнишини CIA ё ЦРУ Вуҳайширо мавриди ҳамла қарор додааст.

Ин манбаъ гуфтааст, ки “онҳо дар ҷустуҷӯи таъйиди ин куштор мебошанд, вале ин корро фавран карда наметавонанд”.

XS
SM
MD
LG