Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маъмурони наҷот дар шаҳри Тифлис, пойтахти Гурҷистон ҷустуҷӯи 10 нафар ва теъдоди номаълуми ҷонваронро идома медиҳанд, ки дар натиҷаи обхезии вайронгар дар боғи ҳайвоноти Тифлис бенишон шуданд. Зураб Гуриелидзе, мудири ин боғ рӯзи 15-уми июн гуфт, ки ҳеҷ яке аз қурбониёни обхезӣ дар натиҷаи ҳамлаи ҷонварон кушта нашудаанд. Се корманди боғи ҳайвонот ғарқ шудаанд. Бар асари сел, бабру палангҳо, хирс ва гургу баҳмут аз панҷараҳояшон гурехтанд. Баҳмутро ба боғи ҳайвонот баргардонданд, бархеро маъмурони пулис куштанд, бақия бенишон шудаанд. Ба гуфтаи мудири боғи ҳайвоноти Тифлис ҳануз ҳам тафтиши қафасҳо имконнопазир аст ва маълум нест, чанд ҷонвар гум шудааст. Гурҷистон рузи 15-уми июн ба хотири қурбониёни сел мотами миллӣ дошт.

XS
SM
MD
LG