Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори сафири Тоҷикистон ва ноиби раиси Думаи Русия


Мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Русия
Мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Русия

Рӯзи 15 июн дар Думаи давлатии Русия мулоқоти ноиби раиси Дума Андрей Исаев ва сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддином Сатторов баргузор гашт. Дар он ҳамкориҳои порлумонии ду кишвар, тағйиру иловаҳо ба қонуни байнидавлатии муҳоҷират ва таҳсили донишҷёни тоҷик дар Русия баррасӣ шуд. Исаев изҳор дошт, ки дар Русия ҳоло наздик ба 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунад. "Аксарияти онҳо аз рӯи ростӣ, виҷдон ва қонун кор мекунанд. Мо аз заҳмати онҳо дар қаламрави кишвари мо ва ба нафъи ҳамкориҳои иқтисодии мо ва рушди иқтисолдии кишвари мо худ истиқбол мекунем," -- гуфт Исаев ва афзуд, муҳоҷирони тоҷики дорои маълумоти олӣ норасии мутахассисонро дар Русия, махсусан духтурон ва омӯзгорон дар деҳот ва шаҳракҳо рафъ мекунанд. Ноиби Думаи давлатии Русия ҳамчунин гуфт, дар донишгоҳу донишкадаҳои Федерасюни Русия наздик ба 1000 донишҷӯ аз Тоҷикистон тибқи саҳмия таҳсил мекунанд. Дар соли таҳсили оянда барои Тоҷикистон аз ҳисоби буҷаи Русия 700 ҷой ҷудо шудааст. Вай зикр намуд, ки Русия ҳамеша омодааст, ба кӯмаки Тоҷикистон ояд ва ҳамкориҳои дуҷониба тибқи қарордодҳои байнидавлатӣ таҳким хоҳад ёфт. Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов хостори роҳандозии равобит дар сатҳи ҷиноҳҳои ҳизбҳои сиёсии Думаи давлатӣ шуд ва гуфт, ин ба ҳалли бисёре аз мушкилоти мавҷуда кӯмак хоҳад кард. Вай таъкид намуд, ки Русия дар дар сиёсати беруни Тоҷикистон ҷойгоҳи баланд дорад ва Тоҷикистон "ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дутарафаи иқтисодӣ ва сиёсӣ ва ҳамгироии амиқтар бо Федерасюни Русия нигаронида шудааст".

XS
SM
MD
LG