Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари Аслов бо як ҳайати ҳукумат ба Амрико


Сироҷиддин Аслов

Сироҷиддин Аслов

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар раъси як ҳайати ҳукумати ин кишвар рӯзи 14 июн ба Амрико сафар кардааст. Ин ҳайат, бино ба хабари нашршуда дар сомонаи расмии вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар даври панҷуми Машваратҳои сиёсии Амрикову Тоҷикистон ширкат мекунад. Машваратҳои сиёсии Амрикову Тоҷикистон рӯзи 16 дар Вошингтон баргузор хоҳад шуд. Дар ин машваратҳо масоили муҳими ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ мешаванд. Бино ба гузориши вазорати хориҷа, ҳамчунин “зимни сафар инчунин як зумра мулоқотҳои баландпояи дуҷониба дар назар гирифта шудааст.”

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG