Пайвандҳои дастрасӣ

Дмитрий Песков, сухангӯи ҳукумати Русия, гузоришҳо дар бораи ҷойгир кардани силоҳҳои вазнини Иёлоти Муттаҳида дар Аврупои шарқиро шарҳ надод. Ӯ рӯзи 15-уми июн гуфт, ки фақат ба баёнияҳои расмии ҳукумати Амрико дар ин бора посух медиҳад. Рӯзномаи Ню Йорк Таймс рӯзи 13-уми июн аз қавли мақомоти Амрико ва муттаҳидони он дар Аврупо навишт, ки Иёлоти Муттаҳида қасд дорад, дар баъзе аз кишварҳои соҳили Балтик ва Аврупои шарқӣ силоҳҳои вазнин ҷойгир кунад, зеро онҳо баъди амалкардҳои Русия дар Украина ба ташвиш афтодаанд. Томаш Сиемоняк, вазири дифои Лаҳистон гуфт, ки Варшава мунтазир аст, ки Амрико посухи ниҳоиашро “то чанд ҳафтаи оянда” бидиҳад. Як мақоми вазорати дифои Русия гуфтааст, ки чунин амалкарди Амрико “иқдоми таҷовузгаронатарини Пентагон ва НАТО” баъди Ҷанги Сард мешавад. Генерал Юрий Якубов ба “Интерфакс“ гуфтааст, ки Русия дар ҷавоб ба ин иқдом, илоҷе ба ғайр аз тақвияти нерӯҳояш дар ҷабҳаи ғарбӣ нахоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG