Пайвандҳои дастрасӣ

Таваҷҷӯҳи вилояти Иваново ба пахтаи Тоҷикистон


Павел Конков зимни мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Душанбе, 22 май

Павел Конков зимни мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Душанбе, 22 май

Рӯзи 15 июн дар шаҳри Ивановои Русия мулоқоти волии вилояти Иваново Павел Конков бо як ҳайати мақомот ва соҳибкорон аз вилояти Хатлони Тоҷикистон доир шуд. Бино ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ , Павел Конков дар ин дидор 16 риштаи ҳамкорӣ байни ду вилоятро зикр ва рӯи воридоти пахт аз ин вилояти Тоҷикистон вижатан таъкид кардааст. Волии Иваново ҳамчунин аз имкони ба қаламрави Тоҷикистон кӯчондани корхонаҳои калобаресии Иванов ҳарф задааст: “Мо корхонаҳои муосири калобаресӣ дорем, вале як қисми онҳо бекор хобидаанд. Пеш аз ҳама ба далели калобаҳое, ки бо нархи арзони демпингӣ аз Узбакистон ворид мешаванд. Мо ин корхонаҳоро аз даст дода истодаем. Ба назари марн, Тоҷикистон низ манфиатдор аст, ки маҳсулоташ ҳадди ақал дар қадами аввал дар худи он кишвар коркард шавад.”

Муовини раиси вилояти Хатлон Абдуҷаббор Баҳодурзода, ки раҳбарии ҳайати ин вилоятро бар ӯҳда дорад, ба навбати худ гуфтааст, онҳо ба харидории чӯбу тахта ва ҳамчунин крану экскаваторҳо аз корхонаҳои саноатии Иваново таваҷҷӯҳ доранд.

Волии Иваново Павел Конков дар раъси як ҳайат моҳи май аз Тоҷикистон боздид карда буд.

XS
SM
MD
LG