Пайвандҳои дастрасӣ

Шумораи бобмҳои атомӣ дар ҷаҳон кам шудааст


Мушаки Раъди Покистон, ки қодир ба партоби кулоҳакҳои атомист.

Мушаки Раъди Покистон, ки қодир ба партоби кулоҳакҳои атомист.

Як пажӯҳишгоҳи Шветсия мегӯяд, бо вуҷуди онки кишварҳои соҳиби силоҳи атомӣ, шумораи ин навъи аслиҳаро кам кардаанд, аммо ҳамчунон ба навсозии ҷангафзорҳои атомиашон идома медиҳанд. Пажӯҳишгоҳи Байналмилалии Сулҳ дар Стокҳолм бо нашри гузорише гуфт, ки сар аз соли 2010 то соли 2015 шумораи кулоҳакҳои атомӣ дар ҷаҳон аз 22600 то ба 15850 адад кам шудааст, вале айни замон Русия ва Амрико ду кишвари аслии дорои силоҳи атомӣ “барномаҳои дарозмуддати фарогиру гаронқиммати навсозии аслиҳаи атомиро идома медиҳанд.” Бар асоси ин гузориш, се кишвари дигари соҳиби бомби атомӣ, Чину Фаронса ва Бритониё, ки бар асоси Аҳдномаи манъи густариши силоҳҳои атомӣ соҳиби ин навъи аслиҳа ҳисоб мешаванд, “системаҳои нав месозанд ва ё силоҳҳои нави атомиро ҷойгир мекунанд ва қасди ин корро доранд.” Чин яке аз панҷ қудрати ҷаҳонии ҳастаӣ будаст, ки афзоиши силоҳҳои атомиаш назар ба дигарон камтар будааст. Ҳинду Покистон ҳам силоҳҳои атомии зиёдтар сохтаанд ва Исроил мушакҳои дурпарвоз озмоиш кардааст.

XS
SM
MD
LG