Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар интихоботи раисони шаҳрҳо дар Ҷумҳурии Молдова, раиси шаҳри Кишинёв, ки тарафдори ҳамгироӣ бо Аврупост, бо раъйи андаке бештар аз рақибонаш пешсаф аст. Ба гуфтаи таҳлилгарон, интихобот як имтиҳон барои Молдова аст, ки ҳамчунон ба азмаш барои ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупо собит мемонад ва ё роҳи ҳамкории наздик бо Русияро пеш мегирад. Бар асоси шумориши 99 дар сади орои интихобот, Дорин Чиртоака бештар аз 37 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст ва рақиби Русиягарои ӯ Зинаида Гресенай, тақрибан 36 дар сади орои сокинони Кишинёвро соҳиб шудааст. Ҳеҷ яке аз онҳо раъйи кофӣ барои пирӯзии мутлақро ба даст наовардаанд. Дар шаҳри Балти, дуввумин шаҳри бузурги Молдова, Ренато Усатий соҳибкори тарафдори Русия, бо касби 73.68 дар сади оро пирӯзии мутлақро ба даст овард. Дар 28 шаҳри Молдова, ки касе аз номзадҳо 50 дар сади раъйи сокинонро ба даст наовард, интихобот ба даври дуввум кашид. Интихоботи раисони шаҳрҳои Молдова чанд рӯз баъд аз он баргузор шуд, ки нахуствазири он кишвар Хирил Габуричи бинобар гузоришҳо дар бораи тақаллубӣ будани дипломи мактаби олиаш истеъфо дод. Хирил Габуричи, тарафдори ҳамгироии Молдова бо Иттиҳодияи Аврупо аст.

XS
SM
MD
LG