Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар хиёбонҳои Восеъ фурӯши "пиво"-ро манъ кардаанд


Идораи вогиршиносии Восеи вилояти Хатлон фурӯши "пиво" ё оби ҷав дар хиёбонҳои ин ноҳияро манъ кардааст.

Дар хиёбонҳои ноҳияи Восеъ фурӯши "пиво" ё оби ҷав мамнӯъ эълон шуда ва нуқтаҳои фурӯши ин навъи нӯшокиро ба дӯкони рӯзномаву маҷаллаҳо табдил додаанд. Маҳмадулло Юлдошев, сардори Идораи вогиршиносӣ ё санитарӣ-эпидемологии ин ноҳия, 15 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, барои барҳам додани савдои кӯчагии “пиво” дар Восеъ аз тобистони соли гузашта корро оғоз карда буданд ва ҳоло дигар ягон нуқтаи савдо боқӣ намондааст.

“Пивофурӯшон дар бушкаҳои зард дар хиёбонҳо пива мефурӯхтанд, ки ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набуд. Аз ин хотир, қарор кардем, фурӯши кӯчагии пиворо ба хотири ҳифзи сиҳҳати мардум манъ кунем,” – гуфт Юлдошев.

Манъи фурӯши кӯчагии “пиво” ва ё худ оби ҷав дар Восеъ дар ҳолест, ки дар ин ноҳияи бузургтарин корхонаи истеҳсоли ин навъи нӯшокӣ дар минтақаи Кӯлоб бо номи Ҷамъияти саҳомии “Оби ҷав” фаъолият мекунад. Аммо сокинон мегӯянд, ба хотири бе рақиб гузоштани ин корхонаи истеҳсоли фурӯши оби ҷав дар хиёбонҳоро мамнӯъ кардаанд.

Саттор Сайдалиев, як сокини Восеъ, гуфт, дар гармои тобистон ҳоло маҷбуранд, рафта аз ин корхона пиво бихаранд, зеро дигар дар тамоми ноҳияи фурӯши он мамнӯъ шудааст. “Восеъ хеле гарм аст ва пиворо мо ба хотири ташнашиканӣ истифода мекардем, вале ҳоло дар кӯчаҳо он фурӯхта намешавад. Дар назди корхонаи пивофурӯшӣ навбат хеле зиёд шудааст,” – афзуд ҳамсӯҳбати мо.

Аммо Маҳмадулло Юлдошов, сардори идораи вогиршиносӣ мегӯяд, ин ҳарф асос надорад, зеро фурӯшандаҳои кӯчагӣ харидорони аслии ин корхона буданд ва қатъи фаъолияти онҳо ба манфиати тиҷоратии “Оби ҷав” нест.

Ноҳияи Восеъ, яке аз калонтарин ноҳия дар минтақаи Кӯлоб дониста мешавад. Аҳолии ин ноҳия беш аз сад ҳазор буда, бинобар дар маркази минтақа ҷойгир будан тамоми бозорҳо дар ин ноҳия фаъол аст ва аҳолии минтақа Кӯлоб бештар маводҳои лозимии худро аз бозор ин ноҳия харидорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG