Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Гурҷистон мегӯянд, ки дар натиҷаи бориши боронҳои шадид ва ҷорӣ шудани селоб дар шаҳри Тифлис-пойтахти ин кишвар 13 нафар ба ҳалокат расида, 24 нафари дигар бедарак шудаанд.

Шоми 13 июн борони шадид борид ва рӯдхонаи Вере, ки аз байни шаҳр мегузарад, саршор шуд ва ба соҳилҳо баромад ва дар сари маҷрои худ даҳҳо биноҳоро шуст ва мошинҳоро бурд. Хатҳои интиқоли барқро хароб кард

Боғи ҳайвоноти шаҳрро сел зер кард. Бабрҳову шерҳо ва гургон аз он ҷо фирор карданд. Се корманди боғи ҳайвонот ба ҳалокат расиданд. Баъзе ҳайвонотро боздошт карданд, вале маълум нест, ки чӣ қадр ҳайвон бедарак шудааст. Мақомот аз аҳолӣ хостаанд, ки дар хонаҳои худ бимонанд ва агар ҳайвоне пайдо шуд, онро бигиранд.

Гиоргӣ Маргвелашвилӣ-раиси ҷумҳур ба хонаводаҳои қурбониёни сел таъзия гуфт ва қавл дод, ки ба зудӣ харобиҳо барқарор хоҳанд шуд. Ираклӣ Гарибашвилӣ-нахуствазир 15 июнро рӯзи мотами миллӣ эълон кард ва гуфт, ки бино ба маълумоти пешакӣ, зарари воридшуда аз ин офати табиӣ 18 миллион долларро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG