Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳузури низомии Амрико дар Балтик афзоиш меёбад


Рӯзномаи New York Times аз қавли мақомоти Амрико ва ҳампаймонҳои онҳо навиштааст, ки Амрико ба нақша гирифтааст, то тонкҳо ва техникаи ҷангӣ ва аслиҳаи дигарро барои 5 ҳазор нафар низомиёни Амрико дар чанд кишвари каронаи Балтик ва Аврупои Шарқӣ ҷойгир кунад.

Рӯзнома менависад, ин иқдоми имкондоштаи Пентагон “яке аз тадбирҳои муҳими Вашингтон ва НАТО барои баргардонидани таҷовузи имконпазири Русия баъд аз ишғоли Қрим мебошад”.

New York Times аз номи дарёсолор Ҷеймс Ставридис-фармондеҳи пешини НАТО нақли қавл кардааст, ки мегӯяд, ин тағироти хеле арзишманд дар сиёсат аст. Таҷҳизоти мазкур метавонад назорат кунад, ки Русия бар зидди кадом ҳамсоягонаш нируҳои худро муттамарказ мекунад.

XS
SM
MD
LG