Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Бан Ки Мун аз вазъи ҳуқуқи башар дар Туркманистон


Бан Ки Мун

Бан Ки Мун

Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ гуфт, ки нақзи ҳуқуқи башар дар кишварҳои Осиёи Миёна метавонад заминаро барои тундгароӣ мусоид кунад. Вай ин нуктаро 13 июн дар Ашқобод-пойтахти Туркманистон изҳор дошт.

Вай гуфт, “дар бораи бад шудани баъзе аз ҳолатҳои вазъи ҳуқуқи башар ва маҳдудияти демократия нигарониҳоеро шунидааст”.Ба гуфтаи вай, “маҳдудияти озодиҳо метавонад барои муддати кӯтоҳ эҳсосоти дурӯғини суботу оромиро ба вуҷуд орад”. Вай афзуд, чунин холигоҳҳо заминаро барои фаъолиятҳои тундгароӣ бештар мекунад.

Дар нишасти мухтасари матботӣ бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон Бан Ки Мун даъват кард, ки вазъи ҳуқуқи башар беҳтар карда шавад, ба нозирони мустақил иҷоза диҳанд, ки аз зиндонҳо боздид кунанд.

Дабири кулли СММ ҳамчунин аз Ашқобод хост, ки ба гуногунандешӣ дар матбуот, озодии баён ва дастрасӣ ба иттилоот роҳ боз шавад.

Бан Ки Мун баъд аз боздидаш аз Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистону Узбакистон вориди Туркманистон шуд.

XS
SM
MD
LG