Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русияву Чин рамзи асноди Сноуденро боз кардаанд


Эдвард Сноуден
Эдвард Сноуден

Матбуоти Британия навиштааст, Русия ва Чин рамзи маълумоти фавқулодда маҳрамро, ки Эдвард Сноуден- корманди пешини Оҷонси амнияти миллии Амрико бо худ дошт, боз кардаанд.

Рӯзномаи Sunday Times ва Би Би Си 14 июн гузориш додаанд, ки агентҳои идораҳои кашфи Британия барои ҳимояти худ иқдом кардаанд.

Бо такя ба манобеи баландпояи ҳукуматӣ ин рӯзномаи бритонёӣ мегӯяд, ҳуҷҷатҳои дорои рамз “ҷузъиёти фановариҳои маҳрамона ва маълумотҳоеро дар бар мегирад, ки метавонад ҷосусҳои Британия ва Амрикоро ифшо кунад”.

Би Би Си аз қавли як манбаи баландпояи ҳукуматӣ мегӯяд, ки иттилооти ба дастовардаи Русияву Чин “маълумот дар бораи шеваи кори моро дар бар мегирад” ва ҳоло Британия наметавонад “маълумоти маҳрам” гирдоварӣ кунад.

Соли 2013 Маскав ба Эдвард Сноуден паноҳгоҳ дод. Вай ҷузъиёти барномаҳои маҳрами ҷосусии Амрикоро ба матбуот ифшо кард.

XS
SM
MD
LG