Пайвандҳои дастрасӣ

Пулис мегӯяд, ки субҳи 14 июн вулусволи Ишкомеши вилояти Тахори Афғонистон ва се нафар посбонони вай кушта шудаанд. Мошини онҳо ба бами роҳ бархӯрдааст ва таркидааст. Дар ин бора Ҳамидуллоҳ Ҳақёр-сухангӯи пулиси вилоят хабар додааст.

Ба гуфтаи Ҳамидуллоҳ Ҳақёр, вулусвол мехостааст ба посгоҳҳои амниятии дурафтода биравад ва бо вазъият ошно шавад, зеро шабе пеш посгоҳҳо мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.

Масъулияти ин ҳодисаро касе бар дӯш нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG