Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдат ва Рӯзи олимпӣ


Рӯзи 12 июн дар шаҳри Душанбе бозиҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи олимпӣ баргузор шуданд.

Рӯзи 12 июн дар шаҳри Душанбе, дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи олимпӣ бозиҳои варзишӣ барпо гардиданд. Бозиҳоро Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон доир кард.

Ба барномаи бозиҳо 6 намуди варзиш – баскетболу волейбол, варзиши сабук, гуштии милӣ, дзюдо ва футболи хурд - дохил буд. Дар мусобиқот донишҷӯёну омӯзгорони Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ширкат карданд.

Дар маросими кушоиши бозиҳо Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпӣ, Шодӣ Сафаров, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва Наталя Василева, намояндаи Ширкати мобилии “Мегафон-Тоҷикистон” ба ширкаткунандагони бозиҳо комёбиҳо орзу намуданд.

Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар ҳар як намуд ҷому тӯҳфаҳои Кумитаи миллии олимпӣ ва сарпарасти ин бозиҳо - Ширкати “Мегафон-Тоҷикистон”, инчунин сертификатҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ супурда шуданд.

Муҳаммадшо Абдуллоев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин бозиҳо дар арафаи сафари президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ба Тоҷикистон баргузор шуданд. Вай афзуд, “Томас Бах рӯзи 15 июн бо сафари корӣ ба Душанбе меояд. Вайро дар ин сафар Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ, раиси Шӯрои олимпии Осиё ва ҳамзамон президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои байналмилалии олимпӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Томас Бах ва Шайх Аҳмад дар доираи сафари дурӯзаи худ ба Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, мулоқот хоҳанд кард. Меҳмонон, инчунин, ба қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии кишвар ташриф меоваранд”.

Бояд тазаккур дод, ки ин аввалин сафари Томас Бах ба Тоҷикистон мебошад. Раҳбарони Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё, инчунин ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ сафар мекунанд. Онҳо рӯзи 16 июн аз Душанбе ба Бишкек (Қирғизистон) мераванд.

XS
SM
MD
LG