Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситора аз Додгоҳи олӣ хост, писарашро баргардонад


Cитора Азизова
Cитора Азизова

Ситора Азизова, сокини 25-солаи Душанбе, барои ба тарбияи ӯ вогузор кардани писари 6-солааш ба Додгоҳи олӣ аризаи эътирозӣ супурдааст. Вай 13 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ду соли пеш шавҳараш баъди бозгашт аз сафари Амрико ӯро талоқ дода, барои расман аз ҷудо шудан аз никоҳи давлатӣ ва ба тарбияи худ гирифтани писарашон ба додгоҳ ариза дод. Анвар Азизов, шавҳари ин зан даъво кардааст, зери фишори ҳамсар писараш лакнати забонӣ пайдо кардааст.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур дар пайи хулосаи равоншинос кӯдакро ба тарбияи падар дода, инчунин, ин занро ба пардохти “алимент” дар ҳаҷми 80 сомонӣ вазифадор кардааст. Ин зан баъдан аз болои ин ҳалнома ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ва додгоҳи Душанбе шикоят гузошт, вале додгоҳ ҳалномаро бетағйир боқӣ гузоштанд.

Ситора Азизова мегӯяд, 13 июн ба қабули Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ворид шуда, аз ӯ хоҳиш кардааст, то парвандааш одилона баррасӣ шавад. “Раиси Суди олӣ маро хеле хуб қабул кард ва ба ҳамаи ҳарфҳоям бо эҳтиром гӯш дод. Барояш далелҳоро пешниҳод кардам, ки писарамро ноодилона ба тарбияи падараш гузоштаанд. Хоҳиш кардам, то ин парванда зери назари ӯ одилона баррасӣ шавад. Агар парванда одилона баррасӣ шавад, бовар дорам, писарамро ба ман бамегардонанд,”-гуфт Ситора. Додгоҳи олии Тоҷикистон охирин нуқта дар баҳсҳои додгоҳӣ дар кишварро мегузорад. Аммо Ситора Азизова мегӯяд, дар сурати мунсифона ҳал нашудани қазияааш аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон то додгоҳҳои байнулмилалӣ шикоят хоҳад бурд.

XS
SM
MD
LG