Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин ва Эрдуғон дар Боку мулоқот карданд


Раҳбарондар маросими гушоиши бозиҳо дар Боку

Раҳбарондар маросими гушоиши бозиҳо дар Боку

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия дар шаҳри Боку бо Речеп Тайип Эрдуғон-раиси ҷумҳури Туркия дар ҳошияи маросими гушоиши бозиҳои Аврупо мулоқот кард. Дар мулоқоти паси дарҳои баста бӯҳрони Сурия, масъалаҳои энержӣ, аз ҷумла эҳдоси лулаи гази Русия ба Туркия баррасӣ шуд.

Онҳо дар оғози мулоқоти худ дар бораи ширкат надоштани раҳбарони Аврупо дар маросими гушоиши ин бозиҳо сӯҳбат карданд.

Путин дар як сӯҳбати телевизионӣ гуфт, “Туркия номзад ба узвияти Иттиҳодияи Аврупост аз номи тамоми Иттиҳодияи Аврупо дар ин маросим намояндагӣ кард”.

Путинро Александр Новак-вазири энержӣ, Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷа, Сергей Кириенко-раиси ожонси энержии атомӣ ва Алексей Миллер-раиси “Газпром”-и Русия ҳамроҳӣ карданд.

XS
SM
MD
LG