Пайвандҳои дастрасӣ

Низомиёни Украина мегӯянд, ки дар давоми 24 соати шабонарӯзи гузашта 6 нафар низомиёни онҳо кушта, 14 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ба гуфтаи онҳо, чунин куштор ба оташбаси шикананда таҳдид мекунад.

Ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шарқи Украина баъзе аз қисматҳоро дар контроли худ доранд. Андрий Лисенко-сухангӯи низомиёни Украина 13 июн дар як нишасти хабарӣ гуфт, сарбозон дар тирандозиҳои ҷудоихоҳон ва дар бархӯрд бо минаҳо кушта шудаанд.

Вай гуфт, “душман тонкҳову зиреҳпӯшҳо ва тӯпхонаро ба ҷанг андохтааст. Мо таъкид мекунем, ки ҷудоихоҳон ба сӯи манотиқи аҳолинишин низ тирандозӣ мекунанд.

Баъд аз имзои созишномаи оташбас дар моҳи феврал ҳафтаҳои охир тақрибан ҳар рӯз дар тирандозиҳо ё ҷониби нируҳои ҳукуматӣ ва ё ҷониби ҷудоихоҳон аз кушта шудани афроди худ гузориш медиҳанд.

XS
SM
MD
LG