Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 медали варзишгарони тоҷик дар сабқати дзюдо дар Узбакистон


​Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо байни навҷавонон дар Узбакистон се медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни навҷавонон, ки рӯзҳои 11-12 июн дар шаҳри Чирчиқи Узбакистон баргузор шуд, се медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 15 варзишгар (14 писару як духтар) шомил буд. Паҳлавонони ҷавони тоҷик Раҳматуллобек Фарҳодов дар вазни зери 66 кило ва Саидмухтор Расулов дар вазни зери 73 кило барои ҷойҳои сеюм бо медалҳои биринҷӣ сарфароз шуданд. Ду нафари дигар – Комрон Карликов дар вазни зери 81 кило ва Ҳоҷимашраб Раҳмонов дар вазни зери 90 кило ҷойҳои ҳафтумро ишғол карданд.

Дар сабқати духтарон ягона намояндаи Тоҷикистон Мавлуда Саъдуллоева аз клуби варзишии “Вастан”-и Душанбе, ки дар вазни зери 52 кило ҷойи севумро гирифт, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Маҳмуди Абдулло, сардори шӯъбаи варзиш ва маълумоти олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, рӯзи 13 июн дар сӯҳбат бо Радиоли Озодӣ гуфт, "дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо байни навҷавонон дар Чирчиқ 113 варзишгар (80 писар ва 32 духтар) аз 3 кишвар – Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбакистон - иштирок доштанд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Узбакистон бо касби 45 медал (14 тилло, 14 нуқра ва 17 биринҷӣ) ғолиб шуд. Мунтахаби Тоҷикистон бо се медали биринҷӣ ҷойи дувум ва мунтахаби Қазоқистон бо ду медали биринҷӣ ҷойи севумро гирифтанд."

XS
SM
MD
LG