Пайвандҳои дастрасӣ

Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон ба ҳукумат дастур додааст, ки роҳҳои пешгӯӣ ва пешгирии самарбахши офатҳои табииро пайдо кунанд, то дар ҳолатҳои фавқулодда зарари чунин офатҳо камтар шавад. Вай ин нуктаро дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти кишвараш изҳор дошт.

Вай гуфт, ҳукумат ва мақомоти маҳаллӣ барои ҳифзи ҳайвоноту наботот, ба вижа барои пешгирӣ аз маргу мири сайгакҳо ва ошкор кардани сабабҳои он барномаҳо таҳия кунанд.

Дар охири моҳи май дар вилоятҳои Кустанай, Оқмулло ва Оқтеппаи Қазоқистон маргу мири сайгакҳо ба мушоҳида расид. Дар маҷмуъ 112 ҳазор сайгак фавтид.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар соли 2014 шумораи сайгакҳо дар ин кишвар 300 ҳазор сарро ташкил медод. То ҳол сабаби марги сайгакҳо маълум нашудааст.

XS
SM
MD
LG