Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Бан Ки Мун аз Ислом Каримов


Бан Ки Мун
Бан Ки Мун

Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ аз Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон хост, ки аз кори маҷбурӣ дар ҷамъоварии пахта дар ин кишвар худдорӣ кунад ва муносибат бо зиндониёнро беҳбуд бахшад.

Каримов, ки аз соли 1989 дар ин кишвари пураҳолии Осиёи Марказӣ ҳукумат мекунад, ба рушди муназзами иқтисод ноил шудааст, вале Ғарб вайро барои саркӯбии мухолифони сисёсӣ ва маҳдудияти озодиҳои ибтидоии инсон интиқод мекунад.

Баъд аз мулоқот бо Ислом Каримов Бан Ки Мун ба рӯзноманигорон гуфт, “Каримов дар бораи аҳамияти авлавияти қонун сухан ронд. Вале қонунҳо аз китоб бояд дар амал ҷорӣ шаванд”.

Бан Ки Мун дар ҷараёни силсилабоздидҳои худ аз 5 кишвари кумунистии Шӯравии пешин дар Осиёи Марказӣ аз Узбакистон боздид кард.

XS
SM
MD
LG