Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шанбегии имомони масоҷид дар маркази Хатлон


Хиёбони "Ваҳдат" дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Хиёбони "Ваҳдат" дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Имому имом-хатибони масоҷид дар маркази вилояти Хатлон барои шанбегӣ ба хиёбони "Ваҳдат"-и Қӯрғонтеппа баромадаанд. Мирзо Меҳронов, мудири шӯъбаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Қӯрғонтеппа гуфт, имомҳо дар даст белу каланд, досу ҷорӯб ба рӯфтану тоза кардани атроф машғул шудаанд. Ба қавли Меҳронов, "шаҳрдорӣ аз иқдоми пешгирифтаи имомон, ки дар ободонии шаҳр саҳм гузоштанд, истиқбол намуд." Ӯ афзуд, имомон солҳои гузашта дар арафаи таҷлил аз рӯзи Ваҳдати миллӣ барои ятимону барҷомондагон ва афроди нодор кумаки молӣ мерасонданд ва имсол низ дар назар аст, илова ба шанбегӣ ба эҳтиёҷмандон дасти ёрӣ дароз кунанд. Дар Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлон, 32 масҷиди панҷвақта ва 5 масҷиди ҷомеъ амал мекунад.

XS
SM
MD
LG