Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

70 миллион евро ваъдаи ёрии молӣ ба Тоҷикистон


Бонки сармоягузории Аврупо барои сохтани бахши тоҷикистонии хаттҳои интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ, маъруф ба тарҳи CASA-1000, ба Душанбе 70 миллион евро ҷудо мекунад. Ин санад рӯзи 12 июн дар Душанбе дар пайи музокироти муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо муовини президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вилҳелм Молтерер имзо шудааст. Гуфта мешавад, байни ҳукумати Тоҷикистон ва бонки аврупоӣ созишномаи молӣ ба имзо расид, ки тибқи он, Бонки сармоягуории Аврупо барои сохтани қисмати тоҷикистонии CASA-1000 70 миллион евро ҷудо мекунад. Тарҳи CASA-1000 дар фасли тобистон ба Афғонистону Покистон содир кардани 1300 мегаватт нирӯи барқи изофӣ аз Тоҷикистону Қирғизистонро ба ҳадаф дорад. Барои сохтани хатҳои лозими баландшиддати 500-киловолтӣ тақрибан 1 миллиард доллар сармоя лозим мешавад.

XS
SM
MD
LG