Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Save the Children Покистонро тарк мекунад


Дафтари Save the Children' дар Исломобод
Дафтари Save the Children' дар Исломобод

Покистон аз созмони байнулмилалии Save the Children (“Ҳимояти кӯдакон”) хост, ки тайи ду ҳафтаи оянда кишварро тарк кунад. Мақомоти кишвар ин созмонро дар аъмоли зидди манфиатҳои Покистон айбдор намуданд. Масъулини Save the Children ин иттиҳомро рад намуданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, кормандони полис рӯзи 11 июн атрофи бинои намояндагии онро печонида гирифтанд.

Хадамоти амниятии Покистон соли 2012 эълом дошт, табиб Шакил Афридӣ, ки ба иддаои Исломобод ба кормандони амниятии Амрико дар пайдо кардани макони будубоши раҳбари “Ал-Қоида” Усома бин Лодин кӯмак карда буд, бо созмони Save the Children ҳамкорӣ мекард.

Save the Children – созмони байнулмилалиест, ки дар кишварҳои гуногуни олам ба ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдакон машғул аст.

Мақомоти Покистон мегӯянд, ки мӯҳлати иҷозаи кор барои ин созмон дар кишвар рӯзи 15 май хатм шуда буд.

XS
SM
MD
LG