Пайвандҳои дастрасӣ

Нахуствазири Молдова Кирилл Габурич рӯзи 12 июн эълом дошт, ки ба истеъфо меравад. Як рӯз пеш ӯ бо муфаттишони Додситонии кул мулоқот дошт, ки мавзӯи чӣ гуна дарёфт кардани дипломаш дар бораи маълумоти олиро таҳқиқ мекунанд. Раиси ҳукумат аз ин мулоқот изҳори тассуф кард ва гуфт, суолҳои муфаттишон дар бораи маълумоти олии ӯ “фишанге дар бозиҳои сиёсиянд”.

Кирилл Габурич, ки тоҷири аврупогаро маҳсуб мешавад ва аз моҳи феврал ба ин сӯ раёсати ҳукумати Молдоваро бар ӯҳда дорад, изҳор намуд, ӯ на сиёсатмадор, балки менеҷер аст ва вазифаи асосии худро дар тайғири низоми сиёсӣ дар кишвар медид.

Чанд рӯз пеш Габурич хостори истеъфои Додситони кул ва раиси Бонки Марказӣ шуд, зеро, аз нигоҳи ӯ, аъмоли онҳо дар тафтиши қазияи ғайб задани як миллиард доллар аз хазинаи давлат босамар набуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG