Пайвандҳои дастрасӣ

Зарукиён ба расми ифтитоҳи Бозиҳои аврупоӣ намеравад


Раиси Кумитаи олимпии Арманистон дар расми ифтитоҳи Бозиҳои аврупоӣ дар Боку шоми 12 июн ҳузур нахоҳад дошт. Ба навиштаи хабаргузориҳо, Гагик Зарукиён бар асари танишҳои сиёсӣ миёни ду кишвар ба нахустин дар таърих Бозиҳои Аврупоӣ, ки тайи 16 рӯз дар пойтахти Озарбойҷон баргузор хоҳанд шуд, намеравад. Озарбойҷону Арманистон сари Қарабоғи кӯҳӣ, як минтақаи арманинишин дар қаламрави Озарбойҷон, бо ҳам ихтилоф доранд.

Раиси кумитаҳои олимпии Аврупо Патрик Ҳик ҳузур надоштани Зарукиён дар маросими ифтитоиҳ Бозиҳоро бо серкории ӯ марбюут намуд.

Арманистон бо вуҷуди ихтилофи сиёсӣ бо кишвари ҳамсоя тасмим гирифт, ки варзишгаронашро ба Бозиҳои аврупоӣ фиристад. Интизор меравад, дар маросими ифтитоҳи Бозиҳо, ки шоми ҷумъа дар варзишгоҳи милли олимпии шаҳри Боку баргузор мешавад, онҳоро сард истиқбол кунанд.

Дар Бозиҳо беш аз шаш ҳазор варзишгар аз 50 кишвари аврупоӣ дар 20 навъи варзиш сабқат мекунанд.

XS
SM
MD
LG