Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти мушовири ёрдамчии президент ба иттиҳоми "ришвагирӣ"


Мушовири Бахши ёрдамчиёни дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрӣ ба иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шуда, ҳоло тафтиши қазияааш аз сӯи маъмурони амниятӣ идома дорад.

Ҳасан Раҷабов -- мушовири Бахши ёрдамчиёни дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрӣ бо иттиҳоми ришваситонӣ аз сӯи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуда, тафтиши қазияаш ҳанӯз идома дорад. Як манбаъ дар мақомоти қудратии Тоҷикистон ба шарти он ки номаш ифшо нашавад, 12 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ин боздошт аввали ҳамин ҳафта дар утоқи кории Раҷабов сурат гирифтааст.

Манбаъ афзуд, тайи чаҳор рӯз аст, ки Ҳасан Раҷабов дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешавад ва алайҳи ӯ бар асоси моддаи 319-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне ришвагирӣ, парванда боз шудааст. Аммо дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон то ҳоло ин хабарро тасдиқ ё рад накардааст.

Раҷабов 21 феврали соли 2014 дар Бахши ёрдамчиёни президенти Тоҷикистон ба кор таъин шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG