Пайвандҳои дастрасӣ

Песков: Маскав ба таҳримҳои Ғарб посух медиҳад


Дмитрий Песков

Дмитрий Песков

Маскав дар сурати густариши таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ин иқдомро бидуни посух нахоҳад гузошт. Изҳороти Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, дар ин бора рӯзи 11 июн пахш шуд.

Аз ин пеш Ҷо Байден, муовини раисиҷумҳури ИМА дар сӯҳбат бо нахуствазири Украиси Арсений Ятсенюк дар Вошингтон, изҳор намуд, ки агар Русия ӯҳдадориҳо дар чаҳорчӯби созмши Минск гирифтаашро иҷро накунад, Амрико ва ҳампаймонҳояш таҳримҳо алайҳи Маскавро густариш медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, вазорати умури хориҷии Русия рӯзи 11 июн изҳор намуд, ки ИМА Киевро ба идомаи низоъ дар Донбасс таҳрик медиҳад. Дар изҳороте, ки рӯзи 11 июн, дар сомонаи расмии вазорат нашр шуд, омадааст, “ИМА дар қиёс бо Русия на фақат аз ягон талоши воқеъӣ барои ҳалли бӯҳрони Украина ва ҷилавгирӣ аз фоҷиаи башарӣ дар вилоятҳои Донетск ва Луҳанск кор намегирад, балки дар асл мақомоти Киевро ба идомаи ҷанги бародаркӯши дохилӣ тела медиҳад”.

Ин изҳорот – посух ба иттиҳоми Амрико дар бораи таҷовузи Русия ба умури Украина аст. Дар гузориши вазорати умури хориҷии Амрико, ки рӯзи 5 июн интишор ёфт, Русия дар ташкили дасисаву тавтеъа алайҳи Украина муттаҳам шудааст.

XS
SM
MD
LG