Пайвандҳои дастрасӣ

Толибилмони қазоқ аз таоми бепул маҳрум мешаванд


Ҳукумати Қазоқистон мехоҳад шурӯъ аз моҳи сентябр таъмини толибилмони мактабҳрои кишвар ба таомҳои бепулро қатъ кунад. Раёсати маорифи шаҳри Алмаато, аз ҷумла, рӯзи 11 июн эълом дошт, ки маблағи таомҳои бепули мактабҳоро барои сармоягузории ғизои ройгони кӯдакони сағирмонда ва кӯдакон аз хонаводаҳои камбизоат равона хоҳад кард.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, мақомот барои ҳар кӯдаки мактабхон рӯзе тақрибан 300 танга, муодили 1.60$ ҷудо мекунад. Бар пояи иттилои расмӣ, дар мактабҳои Қазоқистон соли 2014 беш аз 2,6 миллион кӯдакон таҳсил мекарданд.

Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев моҳи феврал дар ҷаласаи ҳукумат ба зарурати лағви барномаи таъмини мактабҳо бо таоми бепул дар чаҳорчӯби мубориза бо бӯҳрони иқтисодӣ таъкид карда буд. Таҳримҳои Ғарб алайҳи иқтисодиёти Русия ба Қазоқистон, кишвари шарики стратегии Русия ҳам таъсир гузоштааст. Он вақт Назарбоев дар бораи зарурати коҳиши хараҷоти давлат ба барномаҳои гуногуни илмӣ ҳам ҳарф зада буд.

XS
SM
MD
LG