Пайвандҳои дастрасӣ

11 миллион доллари БОР барои посгоҳи марзии Исфара


Бонки Осиёии Рушд барои сохтмони посгоҳи гумрукии “Гулистон”-и Исфара дар марз бо Қирғизистон 11 миллиону 200 ҳазор доллар сармоягузорӣ мекунад. Дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон 11 январ ба радиои Озодӣ гуфт, чунин тавофуқ дар мулоқоти раҳбарони Хадамоти гумрук бо намояндагони бонк ба даст омадааст. Тавре намояндагони дидбонгоҳи "Гулистон"-и Исфара мегуянд, ҳам кормандони гумрук ҳам марзбонҳо ва хадамоти назорати вогиршиносӣ ҳоло дар вагонҳои алоҳидае, ки аз даврони шӯравӣ боқӣ мондаанд, кор мекунанд ва аз одитарин шароити кор маҳруманд. Онҳо мегуянд, дар 50-метрии ин посгоҳ дидбонгоҳи “Қизил-бел”-и Қирғизистон қмавҷуд аст, ки бо шароити замонавӣ чанд сол қабл сохта шудаааст. Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд тибқи марҳилаи дувуми маблағгузории Бонки Осиёии Рушд дар ин посгоҳ равзанаи ягона таъсис дода ва бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG