Пайвандҳои дастрасӣ

Қазоқистон музокирот оид ба вуруд ба WTO - Созмони ҷаҳонии тиҷоратро, ки тақрибан 20 сол идома дошт, ба охир расонд. Дар сомонаи интернетии созмон рӯзи 11 июн хабар дода шуд, ки бастаи санадҳо барои пазируфтан аз сӯи аъзои Созмони ҷаҳонии тиҷорат рӯзи 22 июн пешниҳод мешавад.

Қазоқистон баро вуруд ба ин созмон моҳи январи соли 1996 ариза навишта буд. Соли 2014 музокироти дуҷонибаи Остона ва Иттиҳодияи Аврупо дар бораи вуруди Қазоқистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат поён ёфт. Дар дафтари матбуоти Созмони ҷаҳонии тиҷорат гуфта шудааст, мушкил дар вуруди Қазоқистон ба ин созмони байнулмилалӣ бо зарурати баргузории гуфтушунид оид ба нарху наво ва узвити кишвар ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бастагӣ дорад. Аз панҷ кишвари узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё сетояш – Русия, Арманистон ва Қирғизистон узви Созмони ҷаҳонии тиҷоратанд. Белорусия музокирот барои ворид шудан ба ин созмонҳо идома медиҳад.

Ёдовар мешавем, Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2012 узви Созмони ҷаҳонии тиҷорат аст.

Созмони ҷаҳонии тиҷорат –масъули назорат дар бахши тиҷорати ҷаҳонӣ, айни ҳол 161 аъзо дорад.

XS
SM
MD
LG