Пайвандҳои дастрасӣ

Киев дар як номаи расмӣ ба Шӯрои Аврупо навиштааст, Русия, ки дар асл бархе аз мавзеъҳои вилоятҳои Донетск ва Луҳански Украинаро ишғол кардааст, бояд барои нақзи ҳуқуқи башар дар ин мавзеъҳо ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Расонаҳои украинӣ рӯзи 11 июн навиштанд, мақомоти Украина бори аввал хостори он шудаанд, ки як бахши Донбасс “ишғолшуда” эълон шаванд. Аз ин пеш нимҷазираи Қрим ва шаҳри Севастопол "қаламрави аз сӯи Русия забтшуда" эълон шуда буданд.

Дар санади расмии Киев ба Шӯрои Аврупо ҳамчунин гуфта шудааст, ки Украина ба таҷовузи мусаллаҳонаи ҳам нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва ҳам гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки аз сӯи Маскав тамрин, назорат ва сармоягузорӣ мешаванд, рӯбарӯ шудааст.

Дар ҳамин ҳол шабакаи телевизионии Sky News рӯзи 11 июн барномаеро дар бораи сарбозони руси дар Украина кушташуда нашр кард. Ин барнома дар асоси пажуҳиши блогнависҳои рус таҳия шудааст. Дар наворҳо гап дар бораи низомиёни бригадаи 16-уми ГРУ – Сарраёсати ҷосусии вазорати дифоъ дар вилояти Тамбов Темур Мамаюсуфов, Антон Савелев ва Иван Кардаполов меравад. Ба пайвандони онҳо гуфтанд, ки ин сарбозон дар Қафқози шимолӣ ҷон бохтаанд, аммо бар пояи бархе шаҳодатҳо, аз ҷумла, аксҳояшон дар шабакаҳои иҷтимооӣ, онҳо дар ҷангҳо дар шарқи Украина кушта шудаанд.

Украина чандин бор Русияро дар пуштибонӣ аз ҷудоихоҳони Донбасс муттаҳам карда, дар бораи ширкати артиши Русия дар набардҳо аз тарафи ин ҷудоихоҳон изҳорот нашр намудааст. Аммо Маскав ҳама ин иттиҳомро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG