Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар пешорӯи як бозии ҳассос бо Урдун


Имрӯз, 11 июн, дар шаҳри Душанбе бозии дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Урдун баргузор мешавад.

Бозии мунтахаби футболи Тоҷикистон дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 бо тими миллии Урдун имрӯз, 11 июн, соати 20:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе оғоз меёбад. Бояд тазаккур дод, ин аввалин бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Урдун ба шумор меравад.

Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “бо ин бозӣ давраи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон шурӯъ мешавад. Мо ба ин бозӣ хуб омодагӣ гирифтем ва умедворем, ки корамон омад мекунад. Мо тамоми қувваро баҳри ғалаба сарф мекунем”.

Ба гуфтаи Аҳмад Абдулқодир, сармураббии тими миллии Урдун, ин бозӣ барояшон хеле муҳим аст. - Таманно мекунам, ки бозии хуб шавад ва аз ин бозӣ се имтиёз ба даст биёрем,” – иброз дошт Аҳмад Абдулқодир.

Мухлисоне, ки барои тамошои бозии дастаҳои Тоҷикистону Урдун ба Варзишгоҳи марказии Душанбе меоянд, имкони бурди мошини «Мерседес-Бенс»-ро доранд. Ба ҷуз мошин, телефони «iPhone 6» ва планшети «iPad» бурдҳои лотерея мебошанд. Нархи билет, ки 15 сомонӣ аст, инчунин билети лотерея ҳисоб меёбад.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” бо тимҳои миллии Австралия, Урдун, Қирғизистон ва Бангладеш рақобат хоҳад кард.

Шонси кӣ бештар аст -- аз Тоҷикистон ва ё аз Урдун?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:24 0:00

XS
SM
MD
LG