Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба мошини полис дар канори Пешовар


Бар асари ҳамлаи маргталаб ба як мошини муовини фармондеҳи полис дар шаҳри Пешовар, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, се нафар кушта ва шаш каси дигар маҷрӯҳ шуданд.

Масъулияти ҳамлаи рӯзи 11 июн дар Ҳаётобод, воқеъ дар канори Пешоварро толибони Покистон бар ӯҳда гирифтанд.

Надим, як афсари полис ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар таркиш муовини фармондеҳи полиси марзбонӣ Тариқ Маликҷароҳат бардоштааст.

Ба иттилои ӯ, ду нафар аз кушташудагон афсарони полис ва як нафари дигар сокини осоишта буданд.

XS
SM
MD
LG