Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҷлили солгарди сулҳи тоҷикон дар "Президент-Отел"


27 июни соли 1997. "Президент-Отел"

27 июни соли 1997. "Президент-Отел"

Рӯзи 17 июн ба муносибати солгарди 18-уми имзои созишномаи сулҳи тоҷикон дар “Пезидент-Отел”-и шаҳри Маскав анҷумане дар мавзӯи “Осиёи Марказӣ – чолишҳои муосир” доир мешавад. Созишномаи сулҳи байни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин, ки ба ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ дар ин кишвар хотима дод, 27 июни соли 1997 маҳз дар “Президент-Отел”-и Маскав ба имзо расида буд.

Интизор меравад, дар анҷумани ҷадид вакилони дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ, парлумон ва вазоратҳои калидии Русия, сафирони 6 кишвар, бо шумули Тоҷикистону Афғонистон ва Узбакистон, намояндагони САҲА, СММ, СҲШ ва СПАД ва намояндагони ҷамъиятҳои миллии сокини Русия ширкат кунанд.

Ин анҷуман бо ибиткори Пажӯҳишгоҳи антиқа ва фарҳангҳои Шарқ, Бунёди ба номи Аҳмади Дониш, Маркази таҳлилии МГИМО ва чанд созмони дигар доир мешавад.

XS
SM
MD
LG