Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди дурӯзаи Путин аз Италия оғоз ёфт


Владимир Путин дар Expo 2015

Владимир Путин дар Expo 2015

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия дар оғози сафараш баИталия дар Милан аз намоишгоҳи Expo 2015 боздид кард. Аз вай Маттео Рензӣ-нахуствазири Италия пазироӣ кард ва “дӯстии анъанавии Италияву Русияро ситоиш намуд”. Вале вай ҳамзамон “дар бораи гуногунии мавзеъгириҳо “ низ сухан ронд.

Рензӣ ба масъалаҳое ишора кард, ки ҳар ду ҷониб роҷеъ ба онҳо мавзеъгирии гуногун доранд ва ҳамчунин ба масъалаҳое ишора кард, ки ҷонибҳоро муттаҳид мекунанд. Путин бо Рензӣ музокира низ анҷом медиҳад.

Путин аз Милан ба Рум меравад ва дар он ҷо бо Серҷио Маттарелла-раиси ҷумҳури Италия мулоқот мекунад. Боздиди дурӯзаи вай дар ҳоле анҷом мегирад, ки 7 кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон ё Ҷӣ-7 таҳдид карданд, ки барои Украина бар зидди Русия таҳримҳоро шадидтар хоҳанд кард.

Раиси ҷумҳури Русия ҳамчунин дар Ватикани Рум бо Франсис-попи Рум дидор хоҳад дошт. Даро ин дидор масъалаи Украина ва равобити Ортодокс бо Католикҳо баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG