Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

50 кило ҳероин дар баки “Мерседес”


Хадамоти амнияти Узбакистон мегӯяд, дар яке аз истгоҳҳо дар вилояти Тошканд дар наздикии марзи Қазоқистон аз як мошин 50 кило ҳероин кашф ва мусодира кардаанд. 50 бастаи ҳар кадомаш яккилоии ин навъи сахттаъсири маводи мухаддирро дар баки бензини як мошини боркаши “Мерседес” пинҳон карда будаанд. Яке аз ронандаҳои мошин гуфтааст, соҳиби бор як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки барои то шаҳри Уфаи Русия расондани бораш 70 000 доллар ваъда додааст. Дар мавриди ин қазия бо иттиҳоми “қочоқ” ва “муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи мухаддир” парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. “Масири шимолӣ”-и қочоқи маводи мухаддир, ки шабакаҳои қочоқбар ба манзури аз Афғонистон то бозори сиёҳи Русия расондани ҳероину афюн ва ҳашиши афғонӣ истифода мебаранд, аз қаламрави Тоҷикистону Узбакистон мегузарад.

XS
SM
MD
LG