Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил ба созишномаи ҳастаии Эрон бовар надорад


Бенямин Нетаняҳу
Бенямин Нетаняҳу

Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил гуфт, раҳбарони кишварҳои арабӣ бо вай мувофиқанд, ки созишномаи ҳастаӣ бо Эрон Теҳронро аз талош барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ боз нахоҳад дошт.

Ин суханони Нетаняҳу дар ҳоле садо медиҳад, ки шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон созишномаи маҳдудияти барномаҳои ҳастаии Эронро дар ивази коҳиши таҳримҳои иқтисодии Ғарб ниҳоӣ мекунанд.

Нетаняҳу мегӯяд, ки дар ин музокирот аз минтақа ба ҷуз аз Эрон кишвари дигаре ширкат надорад. Вале вай нагуфтааст, ки бо кадоме аз раҳбарони кишварҳои арабӣ дар ин бора сӯҳбат кардааст.

XS
SM
MD
LG