Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5-солагии муноқишаҳои қавмии қирғизҳо ва узбакҳо


Раҳпаймоӣ дар Уш, 10 июни соли 2015
Раҳпаймоӣ дар Уш, 10 июни соли 2015

Алмосбек Отамбоев-раиси ҷумҳури Қирғизистоназ шаҳрвандони кишвараш хост, ки дар рӯзи ёдоварӣ аз муноқишаҳои қавмии панҷ соли пеши миёни қирғизҳо ва узбакҳо ваҳдат ва сулҳро риоят кунанд.

10 июн дар изҳороте Отамбоев гуфт, “хонаводаҳои қирғизе, ки узбакҳоро наҷот доданд ва хонаводаҳои узбаке, ки қирғизҳоро наҷот доданд, масъалаи муҳим аст ва он қавмгароӣ нест, балки чунин кор аз ғаризаи инсонии онҳо бамеояд”.

Вай ҳамчунин гуфт, ки созмондиҳандагони ин нооромиҳо “дер ё зуд ба муҷозот кашонда мешаванд”. Вай дар ин маврид Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури пешин ва ёрони вайро дар назар дошт.

Дар ин нооромиҳои қавмӣ дар шаҳрҳои Ушу Ҷалолобод дар моҳи июни соли 2010 бештар аз 400 нафар кушта шуданд ва ҳазорон нафар аз ҷои зисти худ маҳрум гаштанд. Даҳҳо нафари дигар бедарак мебошанд.

XS
SM
MD
LG