Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун ба Қазоқистон рафт


Бан Ки Мун, дабири кулли СММ пас аз ширкат дар Ҳамоиши байналмилалии об дар Душанбе ва дидани кӯли Сарез, Тоҷикистонро ба қасди Қазоқистон тарк кард. Масъулони дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 10 июн зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “дабири кулли СММ сафари самарабахше дар Тоҷикистон дошт. Зеро бар иловаи ширкат дар ҳамоиши байналмилалии “Об барои ҳаёт”, Бан Ки Мун бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷӣ дидору гуфтугӯҳое анҷом дод. Ҳамзамон аз кӯли Сарез дидан кард.”

Дар ҳамин ҳол тибқи барномаи сафар, Бан Ки Мун, дабири кулли СММ имрӯз, 10 июн дар Қазоқистон хоҳад буд ва дар панҷумин Конгресси раҳбарони ҷаҳон ва динҳо ширкат хоҳад кард. Сипас дабири кулли СММ бо Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳур, Карим Масимов, нахуствазир, Ерлан Идрисов, вазири корҳои хориҷӣ дидору гуфтугӯ мекунад. Сафари дабири кулли СММ, фардо, панҷшанбеи 11 июн дар Қирғизистон, 12 июн дар Узбакистон ва дар ниҳоят 13 июн дар Туркманистон идома хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG