Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷрои зиндаи Суруди миллии Тоҷикистон пеш аз бозӣ бо Урдун


Пеш аз бозии нахустин даври сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Урдун Суруди миллии Тоҷикистон зинда сароида мешавад.

Пеш аз бозии нахустин даври сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Урдун, ки шоми панҷшанбеи 11 июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе оғоз меёбад, Суруди миллии Тоҷикистон зинда, ба таври “а капелла”, яъне бе мусиқӣ, сароида мешавад. Сурудро овозхони Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии Душанбе дар марзи майдони бозӣ иҷро мекунад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ФФТ дар ин бора аз ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) ва АФК (Конфедератсияи футболи Осиё) иҷозат гирифтааст.

Бояд гуфт, ки Суруди миллии Тоҷикистон аз ин пеш ягон маротиба қабл аз бозиҳои мунтахаби миллии кишвар зинда сароида нашудааст.

Ёдовар мешавем, бозӣ байни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Урдун дар Варзишгоҳи марказии Душанбе 11 июн соати 20:00 шурӯъ мешавад.

XS
SM
MD
LG