Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Украина ҷасадҳои се сӯхторнишонро, ки беному нишон шуда буданд, пайдо карданд. Дар маҷмӯъ дар ин ҳодиса, ки дар анбори маводи сӯхти воқеъ дар канори шаҳраки Василков рӯй дод, ба иттилои вазири умури дохилии Украина Арсен Аваков, чаҳор нафар ба ҳалокат расида, 12 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Ба гуфтаи вазир, асосе барои воҳима ва интиқоли мардум ба ҷойи дигар мавҷуд нест – хатари ба анбори ҳамсояи маводи сӯхт гузаштани оташ рафъ шудааст.

Дар хомӯш кардани оташ ҳазор корманди милиса ва 500 сарбози Горди миллӣ ширкат доранд.

Сӯхтор шоми 8 июн дар як бушкаи бузурги маводи сӯхт шурӯъ шуд ва 16 бушкаро фаро гирифт. Ба иттилои хабаргузориҳо, ҳоло сӯхтор дар се бушка идома дорад.

XS
SM
MD
LG